Марав

Зи пиргашта баҳри ҷавонон зи раҳ марав,
Мўи сапед дар паи зулфи сияҳ марав.
Бингар маҳи шабоби худ андар маҳоқи шеб,
З-ин беш дар назораи рўи чу маҳ марав.
Дунболи қадафрохта тифлони бегуноҳ
Бо қомати ҳамида зи бори гунаҳ марав.
Фикри ҳисоби ҳар каҷиву ростӣ бикун,
Пеши бутони росқади каҷкулаҳ марав!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед