МАРДИ МАЙДОН
Эй марди марди майдон, Беҳрӯз Хоҷазода,
Парчам зи ту парафшон, Беҳрӯз Хоҷазода.
Аз он замон, ки гаштӣ пирӯзу дастболо,
Сарҳо расад ба кайҳон, Беҳрӯз Хоҷазода.
Фахре барои миллат, бар Пешвои миллат,
Пирӯзӣ бар ҳарифон, Беҳрӯз Хоҷазода.
«Соли ҷавонӣ» бар ту як соли таърихӣ шуд,
Ҳам бар дигар ҷавонон, Беҳрӯз Хоҷазода.
Он лаҳза ҳамчу тифле, к-ӯро задаанд бо чӯб,
Аз шодӣ гаштӣ гирён, Беҳрӯз Хоҷазода.
Деве, ки рӯ ба рӯят омад шикаст додӣ,
Эй шери шери шерон, Беҳрӯз Хоҷазода.
Номи ту сабт гардид чун Рустами таҳамтан
Бар дафтари адибон, Беҳрӯз Хоҷазода.
Бояд ки кард садҳо гову шутуру барра
Дар пеши пот қурбон, Беҳрӯз Хоҷазода.
Зарри тамоми дунё мебуд дар кафи ман,
Мекардамат зарафшон, Беҳрӯз Хоҷазода.
Дастам, ки холӣ аз зар, ман мекунам туро тар,
Дар зери шеърборон, Беҳрӯз Хоҷазода.
Эй паҳлавони тоҷик, эй ормони тоҷик,
Эй фахри Тоҷикистон, Беҳрӯзи Хоҷазода.