Марди точик

Ба мардӣ набояд шудан дар гумон,
Ки бар ту дароз аст дасти замон
Ҳаме то тавонӣ ба некӣ гарой,
Ситоиш кун ӯро, ки шуд роҳнамой.

Чунин дод посух, ки кирдори нек,
Биёбад ба ҳар ҷой бозори нек…
Наёсуд ҳар кас, к-аз ӯ боз монд,
В-аз ӯ дар замона бад овоз монд.

Мар онро, ки дониш бувад, тӯша бурд,
Бимирад танаш, ном ҳаргиз намурд.
Ҳама сар ба сар дасти некӣ баред,
Ҷаҳони ҷаҳонро ба бад маспаред.

Бикӯшед то ранҷҳо кам кунед,
Дили ғамгинон шоду хӯррам кунед.
Ки гетӣ намонду намонад ба касс,
Беозориву дод ҷӯед бас.

Ба ҳар кор кушо бибояд шудан,
Ба дониш ниюшо бибояд шудан.
Ба коре ниёзӣ, ки фарҷоми ӯй,
Пӯшаймониву тундӣ орад ба рӯй.

Бимонад дуто ӯовидон як гуҳар,
Хунарманду бодонишу додгар.
Набошад кассе дар ҷаҳон пойдор.
Ҳама номи некӯ бувад ёдгор.

Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,
Дусад гуфта чун нимӣ кирдор нест.
Нигар зи кирдори бадгавҳарат,
Чи орад ҷаҳонофарин бар сарат?

Чун ин чор гавҳар ба ҷой оварад,
Ба мардӣ ҷаҳон зери пой оварад.
Бикӯшем то некӣ орему дод,
Хушбахт он ки панди падар кард ёд

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед