МАРДУМИ ЭҶОДГАР

Бо муҳаббат зебу зиннат медиҳанд,
Зиндагиро мардуми эчодгар.
Ҳар яке масти шароби зиндагӣ,
Ғӯтавар дар баҳри пурҷӯши ҳунар.
Нақши гардунро ба дафтар мекашанд
Назди тиреза ситода то саҳар.
Ҳар суруду шеъру сози хешро
Зиндагӣ бахшанд бо хуни ҷигар.
Умри кутаӯро намесозанд ҳайф,
Мекунандаш ҷовидон дар ҳар асар…

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед