Маро бигдозу бигдоз

Диле дорӣ, дилозоре надорӣ,
Ғаме дорию ғамхоре надорӣ.
Чӣ ношукрӣ, чӣ бадбахтӣ, чӣ зуфтӣ,
Ки бадхоҳи сазоворе надорӣ.
Аламбардори номи ман ту бошӣ,
Давоми ман, паёми ман ту бошӣ.
Бимирам сарбаланд, эй тифли фардо,
Агар қоиммақоми ман ту бошӣ.
Макони ман замини суру шод аст,
Ҷаҳони ман фазои бокушод аст.
Дилам мурғест, к-андар роҳи парвоз
Сурудам чун паре аз ӯ фитодаст.
Сухан аз пеши худ кай бофтам ман,
Варо аз рози дилҳо кофтам ман,
Дарозу кӯтаҳии сатрҳоро
Зи ожанги ҷабинҳо ёфтам ман.
Напурсида зи мо, зоданд моро,
Насиби зиндагй доданд моро.
Барои хеш то роҳе биҷӯем,
Сари дуроҳа бинҳоданд моро.
Дилам дарёст, соҳилҳо, куҷоед?
Дилам раҳҷӯст, манзилҳо, куҷоед?
Русуми дилбарй омӯхтам ман,
Шуморо ҷӯям, эй дилҳо, куҷоед?
Замину осмон бо ҳам наояд,
Ба дунё одами беғам наояд.
Шабе аз гиряи борон шунидам,
Ки ҳаргиз дидае бенам наояд. 
Гуноҳи шоирон бсҳ аз савоб аст,
Сиришки талхашон беҳ аз шароб аст.
Ба базми синаи онон шитобед,
Ки дуди оҳашон беҳ аз кабоб аст.
Ғами дунё ҳама ғамхори мо шуд,
Ками дунё ғами бисёри мо шуд.
Сабукборон ҳама рафтанд осон,
Набурда борашон сарбори мо шуд.
Гаҳе чун шуълаи огаш дамидам,
Гаҳе дар фикри бешу кам тапидам.
Маро ҳарчанд модар зод аввал,
Худамро боз сад бор офаридам.
Чй суд аз шӯҳрати барвакзу осон?
Чӣ суд аз нашри чанде шеъру дастон?
Дили шоир 6а монанди замин аст,
Ки бояд кард ҳар дам киштгардон
Намонад кишти деҳқон нодуруда,
Намонад шеъри шоир носуруда.
Дар ин дунёи бурду бохт, эй кош,
Намонад коми ошиқ норабуда!
Маро дар оташ андоз, эй гули ман,
Маро бигдозу бигдоз, эй гули ман.
Бад-ин хомӣ нахоҳам зиндагонй,
Маро ё сӯз, ё соз, эй гули ман.
Баҳори рафтаам дигар наояд,
Нигори рафтаам дигар наояд.
Дареғ аз тирхои хокхурда,
Шикори рафтаам дигар наояд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед