МАСХАРАБОЗ
Хуб донам, ки ба даври айём
На ба ҳар тоифа ҳайкал созанд.
Лек бояд, ки ба иззу икром
Ҳайкали масхарабоз афрозанд.
Оқибат пайкара бояд афрошт
Ба ҳамон масхарабози айёр,
Ки вай аз ҷони худ андеша надошт,
Зада писханд ба аҳли дарбор.
«- Шоҳи ман, ҳеҷ шунидӣ гапи рост,
Ки шуд аз бенамакӣ санг намак? —
Андар ин маҳфили мо бекаму кост
Хар шуд аз беамакӣ ҷойи амак.»
«- Як шабе карда либосаш тағйир
Мири ман рафт ба шаҳр аз дарбор.
Лек бишнохт варо шаҳнаи пир,
Дуздро дузд шиносад шаби тор.»
«- Ҳокими шаҳр аҷаб марде буд,
Пилтан, говҷигар, шери жаён.
Писараш лек ба андому намуд
Аз чӣ бо шоҳ чу себи дукафон?»
«- Ман ба соҳибкулаҳе додам панд:
Сар чӣ даркор, чу соҳибкулаҳӣ.
Каллаи бекулаҳаш ёфтаанд
Пас ба пушти ҳарами подшаҳӣ…»
« — Аҷабо, давраи каҷдорумарез,
Ин ҳама ростталаб каҷнигаҳанд.
Каҷдилу каҷраву каҷшин, качҳез
Ҳар куҷо бинӣ агар, каҷкулаҳанд.»
З-аҳли дарбор намехост касе
Ҳеҷ сар ба сари девона задан.
Бас намекард вале ӯ нафасе
Аз таги шонаи худ фона задан.
Гарчи ӯ бо ҳама аҳли дарбор
Боиси дилхушию ханда нишаст,
Байни аъёни ҳақиқатбезор
Аз ҳақиқат даҳани хеш набаст.
Ҳар гаҳе кори ҷаҳон носара буд,
Бурда буд масхараро рӯйи ниёз.
Дар замоне, ки ҳама масхара буд,
Дошт бозӣ ба сараш масхарабоз.
* * *
Шохе шикаста дар боғ аз бод,
Аз боғбонаш меҷӯяд имдод,
Аз шохи умре меоядам ёд,
Магзар аз ин сӯ, эй бод, эй бод!
Барқе намояд гардун шарарбор,
Ларзад саропо бар худ сафедор.
Дар баргҳои ин барқгардон,
Ларзидани ҷон бинед, зинҳор !
Бинӣ ки даште хушкида бе об,
Шабҳо нигоҳаш бар ҷӯйи маҳтоб,
Ба дашти хушки армонии об,
Эй абри борон,
биштоб, биштоб!
Харсангҳои дар тарма хуфта
Аз боду борон гул-гул шукуфта,
Нашкуфт агарки гулҳои бустон,
Садҳо дареғи ин ғунчахуспон.
Гар сард созад об оташеро,
Оташ қавӣ бод озарвашеро.
Ғамкаш бипурсад аҳволи хушдил,
Хушдил бипурсад дил ғамкашеро?