МАШАВ ДИЛСАРД
Маро то зинда ҳастам аз сафи худ
Макун хориҷ, рафиқи косомолам.
Машав дилсард, агар мӯям сафед аст,
Малол асло машав аз синну солам.
Диламро бар кафат бигзору бингар,
Ки софу солиму зӯру ҷавон аст,
Мунаввар бо чароғи орзуҳо,
Нигоҳаш сӯи оянда равон аст.
Шарҳи худро нависед