Маслиҳати аҷоиб
Нишаста се шабу се рӯз бо як сабри дилхоҳе
Ба сад шавқу ба сад уммед кардам шеъри нав эҷод
Аз он болидам ин ки вақти ман чун резаи коҳе
Нарафт аз хирмани умри ҷавони, дӯстон, барбод
Ба рӯи сина бигрифта сурудам — ҳосили умрам,
Саҳар рафтам идора бо нишоти фавқи тасвире
Муҳаррир ин сурудамро гирифта хондаю он дам
Ба ман гуфто ба ҷои он ки бинмояд таҳрире:
Навис аз рӯи мазмуни ҳамин шеърат хабар бар мо
Агарчи шеър гуфтан аз хабар бинвиштан осон аст
Дигар ин, ки бувад нархи хабар бисъёр ҳам боло
Агар мақсуд пул бошад, бидон, ки шеър арзон аст
Шарҳи худро нависед