МАСНАВИ ДАР ВАСФИ МАКТАБ

Эй монда қадам ба роҳи мактаб,
Олист мақому ҷоҳи мактаб.
Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад.
Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад.
Мактаб ба ту шаҳду нўш бахшад.
Мактаб ба ту дод илму одоб,
Мактаб ба ту дод дурри ноёб.
Мактаб ба ту раҳбари яқин аст.
Мактаб устоди илму дин аст.
Бархезу гузор хоби худро,
Баргир ба каф китоби худро
Рав аз ҳама пештар ба мактаб,
Шавқ аст туро агар ба мактаб.
Саъе бинамову илму одоб
Беҳтар зи шарики хеш дарёб.
То дар ду ҷаҳон азиз боши,
Бо донишу ботамиз боши.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед