МАЗАММАТИ ХАШМУ ҒАЗАБ
Эй писар, ҳар кас ки дорад чор чиз,
Чори дигар ҳам шавад мавҷуд низ.
Оқибат расвои ояд аз лаҷоҷ,
Хашмро накнад пушаймонӣ илоҷ.
Бегумон аз кибр хезад душманӣ,
Ҳосил ояд хорӣ аз коҳил бинӣ.
Чун луҷоҷе дар миён пайдо шавад,
Банда аз шуми ӯ расво шавд.
Хашми худро чунки ронад ҷоҳиле,
Ҷуз пушаймониш набвад ҳосиле.
Ҳар кӣ гашт аз кибр боло гарданаш,
Дӯстон гарданд охир душманаш.
Коҳилиро ҳар кӣ созад пешае,
Ояд аз хорӣ ба пояш тешае.
Хашми худро гар фурӯ нахвард касе,
Оқибат бинад пушаймонӣ басе.
Ҳар кӣ ӯ афтодаву танпарвар аст,
Нест одам, камтар аз гову хар аст.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)
Шарҳи худро нависед