Мазан бар дил зи нӯки ғамза тирам

Мазан бар дил зи нӯки ғамза тирам,

Ки пеши чашми беморат бимирам!

Нисоби ҳусн дар ҳадди камол аст,

Закотам деҳ, ки мискину фақирам.

Чу тифлон то кай, эй зоҳид, фиребӣ,

Ба себи бӯстону шаҳду ширам?

Чунон пур шуд фазои сина аз дӯст,

Ки ёди хеш гум шуд аз замирам.

Қадаҳ пур кун, ки ман дар давлати ишқ

Ҷавонбахти ҷаҳонам, гарчи пирам.

Қароре бастаам бо майфурӯшон,

Ки рӯзи ғам ба ҷуз соғар нагирам.

Мабодо ҷуз ҳисоби мутрибу май,

Агар нақше кашад килки дабирам.

Дар ин ғавғо, ки кас касро напурсад,

Ман аз пири муғон миннатпазирам.

Хушо он дам, к-аз истиғнои мастӣ,

Фарогат бошад аз шоҳу вазирам.

Ман он мурғам, ки ҳар шому саҳаргоҳ,

Зи боми Арш меояд сафирам.

Чу Ҳофиз ганҷи ӯ дар сина дорам,

Агарчи муддаъӣ бинад ҳақирам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед