Мазори ман
Чӣ бояд бар тани мурда либоси шоҳӣ пӯшондан,
Ба ҳамёнаш ниҳодан дастаи пул, пораи тилло?
Ягон пурсанда он ҷо пораю ришва намехоҳад,
На рӯбинанду хотирҷӯ «муфаттишҳо»-и он дунё.
Либоси шоҳӣ айбашро, гуноҳашро напӯшонад.
Нагардад ҳеҷ кӯшиш пахтаи пеши табар он ҷо.
Замин беҳуда нафрӯшад ба пул ё хирмани тилло
Ҳаёти ҷовидониро – давоми зиндагониро…
11.2.1966
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ
Шарҳи худро нависед