Меҷӯям туро
Дар лолазори ишқ ман ҳардам меҷӯям туро
Дар сабзазори ишқ ман ҳардам меҷӯям туро
Сар во бикарданд гулҳо бо чеҳраи хандон
Хандонрӯ дар лолазор ҳардам меҷӯям туро
Як лаҳзае биншин ёр бо ошиқи девонаат
Девонавор дар кӯчаҳо ҳардам меҷӯям туро
Бо чеҳраи хандон ой назди дили ошуфтаам
Дилбастаи ишқи туям ҳардам меҷӯям туро
Саҳми ҳаёти ман туйи дар зиндагони ёри ман
Дар ҳасрати ишқи туям ҳардам меҷӯям туро
Тасвир шуд чеҳраат бо хуни дил дар синаам
Дар сина ёди ишқи ту ҳардам меҷӯям туро
Чанде биҷӯйи Масъӯд то хун чакат аз дидаат
Хун гиряму аз ҳаҷри ту ҳардам меҷӯя туро
Шарҳи худро нависед