Мефурӯшад

Мефурӯшад молу ҳолу фаршу қолӣ.
Тоҷике яғмогари тоҷик бошад,
Гургӣ аст ин, рӯбаҳӣ ё ки шағолӣ?
Гарчи омухта ба ӯ қолу мақоле,
Модарашро мекушад бе қилу қоле.
Чораи дардаш биҷӯӣ, менафаҳмад,
Боз созад шикваю бечоранолӣ.
Чораи ҳолаш бигӯӣ, кина гирад,
Боз нолад аз ғами бечораҳолӣ.
Суд бошад, медавад пешат дуаспа,
Кор гӯӣ, мегурезад дар хафоле.2
Тахти олӣ хоҳад он пӯсида тахта,
Бахти олӣ хоҳад ин бо мағзи холӣ.
Бемаҷолияш бувад аз бевиқорӣ,
Пурвуболияш бувад аз лоуболӣ.
Ҷамъ меорад ба чандин реву райбе,
Мефитад дар чоҳ бо ҷоҳу ҷалоле.
Оҳ, метарсам зи фардои сияҳфол,
Мурғаки паркандаю фархундафолӣ.
Ҳайфи уммеди ҳимоят аз ҳумое,
Ҳайфи он паррехта мурғи хаёлӣ!
Бо ҳама ин хушктабъӣ, хушкдастӣ
Чун наояд бар сари мо хушксолӣ?
Ё давидан ё паридан чун тавонӣ
Бо ду-се ишкастапо, ишкастаболе?

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед