Меҳмон — Меҳмонхона
Меҳмон омад – хуш омад,
Бар манзили мо омад,
Қадри ў бошад воло,
Худо кардаст, ўро ато.
Меҳмон аст зеби хона,
Ё дар даргоҳи меҳмонхона.
Ҳар гоҳ ояд, мо ўро,
Шинонемаш дар боло.
Дарсархонро зеб диҳем.
Ҳам мо дар паҳлў, шинем,
Суханҳои шавқовар,
Гўш диҳему бихандем.
Қанду қадалот орем,
Меваҳоро гузорем,
Марҳамат гиред гўем,
Табасумро зам кунем.
Меҳмон азизи хона,
Ҳама инро медона,
Суннати тоҷикона,
Меҳмон баракати хона.
Шарҳи худро нависед