Меҳрубон

Маро, эй бемурувват, меҳрубон гардӣ, чӣ хоҳад шуд?
Зи рӯйи марҳамат ороми ҷон гардӣ, чӣ хоҳад шуд?
Ҳама шаб шамъ бо парвона саргарми сухан бошад,
Ту ҳам, эй шуъла, бо ман ҳамзабон гардӣ, чӣ хоҳад шуд?
Зи по афтодаам дар ҷустуҷуят, гир дастамро,
Тани зори маро рухи равон гардӣ, чӣ хоҳад шуд?
Ба сад хуни ҷигар асбобе айше кардаам пайдо,
Шабе дар хонаи ман меҳмон гардӣ, чӣ хоҳад шуд?
Ба ёди хату зулфат бесаранҷому парешонам.
Мани бехонумонро хонумон гардӣ, чӣ хоҳад шуд?
Чӣ нуқс аз васли шабнам Офтоби заррапарваро?
Ту ҳам ҳамсухбати ин нотавон гардӣ, чӣ хоҳад шуд?
Ба ҷоми Сайидо то чанд резӣ заҳри нокомӣ,
Ду-се рӯзе ба коми дӯстон гардӣ, чӣ хоҳад шуд?

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед