МЕҲВАРИ ДУНЁ
Ин замин шодоб шуд аз обрӯи Комунист,
Ёфт худро оламе аз ҷустуҷӯи Комунист.
Чун гули вартоҷ, ки рӯ оварад бар офтоб,
Оламе рӯ оварад имрӯз сӯи Комунист.
Ин ҷаҳон бедор шуд аз ҷунбуҷӯши Комунист,
Рози дунё мерасад аввал ба гӯши Комунист.
Як замон бори замин будаст бар дӯши самак,
Ин замон афтода бори ӯ ба дӯши Комунист.
Комунистонанд ҷонибдори тақдири замин,
Ҳар куҷое истодастанд чун тири замин.
Гирд мегардад замин имрӯз пиромунашон,
Баски тадбири замонастанду тадбири Замин.
Ҳар куҷое тахти бебахте, ки буд, андохтанд,
Бахти бетахте ба фарзандони одам сохтанд.
Корҳои осмонӣ карда дар рӯи замин,
Ин замон бар созмони осмон пардохтанд.
Дар ҷаҳони субҳу шому шодбахту шӯрбахт
Бишнавам имрӯз аз ҳар сабза, ҳар барги дарахт;
Гар Диёҷон машъал андар даст инсон ҷуста буд,
Комунистон баҳри инсон бахт меҷӯянду бахт!
Архимед гар муттако меёфт, бефарзу яқин
Ин заминро вожгун мекард бо азми матин.
Комунистон ёфтанд он муттакоро бегумон
Дар мадори донишу фикри ҷаҳонгири Ленин.
Як замонро вожгун карданд баҳри сад замон,
Як ҷаҳонро вожгун карданд баҳри сад ҷаҳон.
Осмони тираеро аз фалак бардоштанд,
То кушоянд аз барои одамӣ сад осмон.
Комунистонанд акнун сарпарастони ҷаҳон,
Оташи дилҳо ба каф – машъалбадастони ҷаҳон.
Комунистонанд акнун котиби таърихҳо,
Пайки фардоянд акнун комунистони ҷаҳон.
Матлаи фардост ҳар ҷое, ки бошад Комунист.
Дасти ҳақ болост ҳар ҷое, ки бошад Комунист.
Эй ки меҷӯӣ зи ҳикмат меҳвари дунё куҷост?
Меҳвари дунёст ҳар ҷое, ки бошад Комунист!
9.6.1979