![](http://sherho.sorbon.ru/wp-content/uploads/2016/04/usto--634x300.jpg)
МЕЬМОР
Ҳоли худам меьморам,
Рӯи миз ҷои корам,
Хонаи нав месозам,
Иморат меандозам.
Хишт болои хишт монам,
Ман корамро медонам!.
Назоратчӣ сармеьмор-
Ин ҷо модаркалонаст.
Рост аз болои сарам
Магӯям:
— ҳой духтарам!
Хонаро барҳаво кун,
Манзили дил кушокун!
Ошхонаро калон кун!
Дарашро аз айвон кун,
Касро макун саргардон,
Ин ҷояш ҷои таҳмон.
Духтарҷонам азиза.
Шарҳи худро нависед