Менагуям ба касе,роз,миёни ману туст,

Менагуям ба касе,роз,миёни ману туст,
Хар чи дорем ба миён,кори нихони ману туст.

Наравам чониби майхона,ки гуям ду сухан,
Он ду харфи хушу зебо ба забони ману туст.

Менихам лаб ба лаби даргаху саччодаи Ишк,
Бусаи даргахи У мухру нишони ману туст.

Нуру неруи хама з-оташи оташкада аст,
Гулу себаргаи олам зи хазони ману туст.

Бас бинозам зи Авастову каломи хуши у,
Кору гуфтори наку номарасони ману туст.

Харфи Шохнома бувад панди ниёгони наку,
Нозам аз фарри каёни,ки нишони ману туст.

Гар пари харфи дари гуфт ба ёрони бихишт,
Суханаш шаммае аз шахди забони ману туст.

Сару савдои замон з-одами ояд ба вучуд,
Хайру шарри ману мо суду зиёни ману туст.

Гули Раъно ба ту аз боги сухан овардам,
Шукри гулхои Ватан шукри замони ману туст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед