Мерафт

Ҳамегуфт ин калому пеш мерафт
Ки аз ҳарвақта гуйӣ беш мерафт.
Валекин гар риёкоре ҳамедид
Зи нав бар захми ӯ як неш мерафт.

Ватандорӣ зи Айнӣ бояд омӯхт
Зи Айнӣ, ки умеди душманон сӯхт.
Ватан гар буд чу газвори дарида,
Гирифт Айнию бо дасти худаш дӯхт.

Пас, эй ёрони ман оед бо ман,
Ки ворис Ҷомиро бошему Хайём.
Нишони Рустаму Восеъ бигардем,
Ки пас аз марги мо монад зи мо ном.

Зи баъди Рӯдакӣ дар олами шеър,
Агар Лоиқ биомад шеъргӯён.
Ба ҳам мо Лоиқи дигар бисозем,
Ки шеъри мо зи нав ёбад тану ҷон.

Ватандору ватанпарвар бигардем,
Мисоли сарвари мо-ибни Раҳмон.
Барои пешрафту нафъи кишвар,
Чу ӯ хизмат кунем аз қалбу аз ҷон.

Ватан аз кори мо обод гардад,
Зи хонданҳои мо ӯ шод гардад.
Зи будаш боз зеботар бигардад,
Зи будаш боз волотар бигардад.

Бигӯянд ин зи насли тозакор аст
Ки андар ин ҷаҳон овозадор аст.
Ба ҳам ҳамдил ба ҳам ёру бародар,
Ватанро карда монанди гулистон.

Ҳамин як орзуву хоҳише буд,
Саидаҳмад намуда бар шумоён.
Агар ин орзуҳо оварад бор,
Ҳама гӯяд:сад аҳсан бар ҷавонон

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед