Метавон гуфтан

Ба дарё кардаам хӯ, мавҷи обам метавон гуфтан,
Ба каф дорам сари бе тан, ҳубобам метавон гуфтан.
Ба шохи шуъла дорам ошён монанди парвона,
Самандартинатам, мурғи кабобам метавон гуфтан.
Ба боғи даҳр чун шабнам надорам хоби осойиш
Ба аҳли корвон по дар рикобам метавон гуфтан.
Ба мурдан менамоям хешрову лек тобутам,
Дар ин саҳрои бепоён саробам метавон гуфтан.
Либоси фақр, табъи равшане, эй Сайидо, дорам,
Ба зери абр пинҳон Офтобам метавон гуфтан.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед