МЕТАВОН ОЁ ФАРО РАФТ…

Метавон ой фаро рафт аз сари тиру камон?
Метавон.
 
Гар бисабзад дар нигоҳат симчӯби хушк,
Чун санавбар боз ояд дар канори бешазораш,
Мурғакон хонанд рӯйи шохсораш.
 
Гар хиёбони ба сони сангпуште сангпӯши шаҳр,
Гардад озод аз фишори сахти сангин,
Чун замини зинда гардад сабзу рангин.
 
Гар зи девори дуконҳо сурати мурғу маҳӣ,
Бар само гардад паровар,
Рӯйи дарёҳо шиновар.
 
Гар ба ҷойи лӯлаҳои оби кӯча
Чашмаҳо рӯянд.
Дар лаби сарчашмаҳои сабз
Духтарон гесӯи худ шӯянд.
 
Метавон оё фаро рафт аз сари тиру камон?
Метавон.
 
Гар дилат дарёи гарду насту чашм ойинаи безанг,
К-андар он ранге аз ин рангинкамони ҳафтранг
Мешавад ҳафтод ранг.
Рӯйи дори рангаи тиру камон
Дилпурона по бимон,
Рав ба сӯйи осмон!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед