Миллато, бимон ҷовид

Миллати азизи ман, эй чароғи ҳар маҳфил,
Омадам туро сарвар, омадам туро ҳамдил,
Гуфтамат, ки эй ҳамҷон, гуфтамат, ки эй ҳамбар,
Сабр ними имон аст, шукр — нимаи дигар;
Сабру шукр оварди, ваҳдатат ҳадаф омад,
Асли хешро ҷустӣ, давлатат ба каф омад;
Гуфтамат, ки мебояд раҳ бари ба сӯи пеш,
Боши андар ин дунё раҳкушои бахти хеш!
Гуфтамат, ки бинодил роҳи бахт меёбад,
Миллате, ки сар дорад, тоҷу тахт меёбад!
Гуфтамат: бидон неку қадри ҳар бузургатро,
Раҳнамои фардоят хикмату адаб бодо!
Илму маърифат бодо раҳнамо ба давронат,
Миллато, бимон Ҷовид зинда бо бузургонат!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед