МО ТОҶИКОНЕМ

Шеъри аввалин, шеъри ҷовидон,
Рукни поядор мо дар ин ҷаҳон.
Ҳам наҷибу ҳам ғарибу ҳам пуртавон,
Зинда мондаем аз ҷаври замон.
То абад ҳам лиқою ҳам бақоям, эй Ватан, туӣ,
То абад ҳам навою ҳам сафои ҷону тан туӣ.
Ҷавшанам туӣ, мадфанам туӣ,
Бахти неку фоли неку маъманам туӣ.
Фардои шоду равшанам туӣ.
Мо тоҷиконем, мо тоҷикон.
Мо ориёнем, мо ориён.
Алҳамдулиллоҳ бо дини пок
Мо ҷовидонем, мо ҷовидон.
1995

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед