Мо як танем, аммо бо халқ бешуморем

Пинҳон зи назар то кай, дар мадци назар мебош,
Хоҳӣ зи хатар растан, дар чанги хатар мебош. у
Аз худ чӣ бурун тозӣ, чун ҷои гурезат нест,
Аз мо зи чӣ парҳезӣ? Бо мо сару бар мебош.
Бемиллату безиллат, беиллату бемеҳнат
Машҳур шудан хоҳӣ, як пора ҳаҷар мебош.
Дар маслаки худсӯзӣ аз баҳри сафои халқ
Машъал нафурӯзӣ ҳам, боре чу шарар мебош.
Бо ин сару сомонат. қурбони сарат гардам,
Сар гир зи мо, аммо худ соҳиби сар мебош!
Фарзанди падар ҳастӣ, ин мояи фахри туст,
То фахр кунем аз ту, фарзанди башар мебош!
1979 
* *
Эй раҳгузар, саломе, мо низ раҳсииорем,
Ин рах. ки ту сипардӣ, мо низ месипорем.
Гар ғамшарики моӣ, мо низ ғамшарикем,
Гар ту ғаме надорӣ. мо низ ғам надорем
Ин раҳ, ки ту равонй, қурбон кунад ҷавонй.
Ҷони ҷавонӣ дар каф мо низ ҷоннисорем.
Ин роҳ то куҷоҳост? Аз дил ба сӯи дилҳост,
Анҷоми мост дарё, фарёди обшорем.
Мову ту ҳар ду танҳо дар роҳи ҷустуҷӯҳо,
Бо ҳар кӣ садди раҳ шуд, ин нанди куҳна орем:
Беҳуда зур кам зан, то нашканад миёнат,
Мо як танем, аммо бо халқ бешуморем!
1979

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед