Модар

Гӯяд, маро чу зод модар,
Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт.
Шабҳо бари гоҳвораи ман
Бедор нишасту хуфтан омӯхт.
Дастам бигирифту по ба по бурд,
То шеваи роҳ рафтан омӯхт.
Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам
Алфоз ниҳоду гифтан омӯхт.
Лабханд ниҳод бар лаби ман
Бар ғунчаи гул шукуфтан омӯхт.
Пас ҳастии ман зи ҳастии ӯст,
Пас ҳастаму ҳаст дорамаш дӯст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед