МОДАРАМ

— Маро саҳар кӣ хезонд?
— Модарам!
— Кӣ суйи оби ҷӯ хонд?
— Модарам!

— Кӣ майда бофт мӯям?
— Модарам!
— Кӣ мучи кард рӯям?
— Модарам !

—  Кӣ кӯртамо бипӯшонд?
— Модарам!
— Кӣ чойи   гарм нӯшон?
— Модарам !

— Кӣ гул ба дасти ман дод?
-Модарам!
-Кӣ мактабам фиристонд?
-Модарам

— Маро кӣ гуфт қобил?
— Модарам!
— Кист ба ман ҷону дил?
— Модарам

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед