Модарам дар шаҳр бо ман зиндагонӣ мекунад

Модарам дар шаҳр бо ман зиндагонӣ мекунад,
Зиндагӣ бар ман ҷафо, ӯ меҳрубонӣ мекунад.

Бо ҳавои тозаи деҳ баски одат кардааст,
Зиндагӣ дар шаҳр бар модар гаронӣ мекунад.

Чун нишинад, ё бихезад, ҳар нафас ёди дигар
Аз падар в-аз лаҳзаҳои подабонӣ мекунад.

Баски ҷамъ оварда гулбаргу гиёҳ аз пуштаҳо,
Кулбаи ӯ бӯи зирку заъфаронӣ мекунад.

Мешавад дилтанг гоҳе андар ин шаҳри азим,
Ғусса дар дил, ханда бар лаб шеърхонӣ мекунад.

Вақти тифлӣ посбонам буд шабҳо то саҳар,
Бин, ки ҳоло ҳам маро ӯ посбонӣ мекунад.

Шаҳр хуб асту шароит хуб, аммо модарам
Гиряҳо бо ёди кӯҳистон ниҳонӣ мекунад.

Модари деҳотии ман дар чунин шаҳри азим,
Зиндагонӣ на, ҳамоно қаҳрамонӣ мекунад.

То расам бар ҷамъи уммеди дили саргаштаам,
Аз Худо бар ман дуои сабзҷонӣ мекунад.

Муаллиф: Кухзод Фатхулло

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед