Модарам гиря макун бар мани ғариб

Модарам ашке марез, ҷонам ба қурбони ту аст.
Ҷони ман қурбони он дастони ларзони ту аст.
Меравам суи ғарибӣ Модарам ғамгин машав.
Дар ғарибӣ ёди ман доим ба фармони ту аст.
Ту агар дури зи чашм, Модар ба дил наздиктарӣ.
Чунки Модар ин дили ман, руи дастони ту аст.
Ман ғарибам Модари ҷон, дурам аз оғуши ту.
Ин дили ман ташнаи он меҳру оғуши ту аст.
Бахти худро одамон дар молу пул бинанд агар.
Модари ман бахти ман як кунҷи домони ту аст.
Меравам суи ту боз Модар ту пазмонам машав.
Ашки шоди хоҳи рехт он руз пазмони ту аст.
Модарам бахшо маро к-ин шеьри ман анҷом ёфт.
Ишқи ту анҷом мабод Модар фарзанди ту аст(?)



Шарҳи худро нависед