Модари Ман

Модари ман як зани тоҷик буд,
Модари ман буду аз Лоиқ ҳам,
Ҳамчу ҷоне дар тани тоҷик бу,д
Баҳри ҳар тоҷик азизу муҳтара,м

Хатти сайри зиндагияш буд чунин:
Ҳавлию гавхона гирди ошдон,
Бо гаву бо гӯсфанду бузу мурғ
Гуфтугӯ аз беда буду коҳу дон:

По наандозед андар ташти об,
Мекунед аз чӣ парешон коҳу дон?
Хуб не ҷанге ҷидоле байни худ,
Зиндаги созед мисли дӯстон,

Аз шоколад, пепси, кола, коктейл,
Қатрае нохӯрда буд гар модарам.
Хуб не ҷангу ҷидоле байни худ,
Зиндагӣ созед мисли дӯстон,

Ӯ нарафта Амрико, Порижу, Рим,
Ҳеҷ осоишгаҳе нодида буд,
Рӯйи суффа буд осоишгоҳаш,
Лойи ӯ бо дасти худ шӯрида буд,

Бар «Сафорат« рафт гоҳе модарам,
Хонаи ҳамсоя бо гуфтугузор,
Гаҳ пазиро буд Вакил аз мулки ғайр,
Хонаи ҳамсоя кампири Нигор,

Вақти кораш ҳеҷ меъёре надошт
Як шабу як рӯз ӯро буд кам
Худшиносия, ки буд хеле баланд
Дар таҳаммул низ буд собитқадам

Дар шаҳомат сарфарозе чун чинор
Дар тавозӯъ лек маҷнунбед буд
Хешро пиндошт ӯ камтар зи шамъ
Зиндагиро гарчи чун хуршеб буд

Кард ифшо сирри арш аз равзане
Ки сари девори оғил канда буд
Кашф шуд сирри замин ӯро аз он
Мӯрие ки бар танӯраш монда буд

Ҳар шикасти зиндагиро чора ёфт
Сад балову ранҷро тадбир кард
Аз самак то бар само дар ҳар замон
Донишу идроки ӯ тасхир кард

…Модари ман Рӯдакиро зодааст,
Модари Айниву Турсунзода аст
Бӯаливу Мавлавӣ фарзанду ӯст
Модари ҳар тоҷики озода аст…

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед