Моҳи Рамазон

Нуре ба ҷаҳон омад ,
Бар дидаву ҷон омад .
Бар пиру ҷавон омад ,
Чун шодирасон омад,
Моҳи Рамазон омад .
Бо марҳамати Раҳмон,
Бо ғул-ғулаи Қуръон .
Бар мардуми боимон,
Аз ғайб нишон омад ,
Моҳи Рамазон омад .
Бӯи хуше аз Аҳмад ,
Аз Кавсару аз Ҷаннат.
Ҷоне ба дили Уммат,
Чун руҳи равон омад,
Моҳи Рамазон омад.
Навмед бишуд шайтон,
Занҷирбасару печон .
Побаставу дар зиндон,
Токи ба фиғон омад ,
Моҳи Рамазон омад.
Шуд банд дари исён,
Бо раҳмати ҲақСубҳон.
Моҳи нузули Қуръон,
Бингар,ки чӣ сон омад ,
Моҳи Рамазон омад.
Моҳи талаби ҳоҷат,
Аз Қодири боқудрат ,
Як моҳи пур аз ҳикмат
Дарёб,ки равон омад ,
Моҳи Рамазон омад.

Муаллиф: > >

Шарҳи худро нависед