Мохи хоса
Моҳи ман, масти шароби ноб мебинам туро,
Лаб ба лаб бар соғари Маҳтоб мебинам туро.
Аз миёни булҳавас ҳаргиз намеойӣ бурун.
Киштии афтода дар гирдоб мебинам туро.
Ҳеч касро тоқати наззораи рӯйи ту нест,
Панҷаи Хуршеди оламтоб мебинам туро.
Дар кадомин базм имшабро ба рӯз овардаӣ?
Ҷоми май бар даст, масти хоб мебинам туро.
Остони кӯйи ту пиру ҷавонро муттакост,
Қиблаи арбоби шайху шоб мебинам туро,
Сайидо, он симтан азми куҷо дорад, ки боз
Изтироболуда чун симоб мебинам туро.
Шарҳи худро нависед