Моҳрӯй

Ё Раб, ин шамъи дилафрӯз зи кошонаи кист?

Ҷони мо сӯхт, бипурсед, ки ҷононаи кист?

Ҳолиё хонабарандози дилу дини ман аст,

То дар оғуши кӣ мехуспаду ҳамхонаи кист?

Бодаи лаъли лабаш, к-аз лаби ман дур мабод,

Роҳи рӯҳи киву паймондиҳи паймонаи кист?

Давлати сӯҳбати он шамъи саъодатпартав,

Боз пурсед, Худоро, ки ба парвонаи кист?

Медиҳад ҳар касаш афсуневу маълум нашуд,

Ки дили нозуки ӯ моили афсонаи кист?

Ё Раб, он шоҳваши моҳрухи зӯҳраҷабин,

Дурри яктои киву гавҳари якдонаи кист?

Гуфтам: — Оҳ аз дили девонаи Ҳофиз бе ту!

Зери лаб хандазанон гуфт, ки-Девонаи кист?

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед