Моҷарои ҳаққи шир

Як пагоҳи бар сари домоди худ,

Модари келин паи ҷанҷол бишуд:

— Зодаам як духтари озодарӯ,

Бе  қалину мол манн додам ба шӯ.

Духтарамро муфтакак кардӣ никоҳ,

Ҳаққи ширамро надодасти чаро.

Чун қудои ӯ шунидааст ин низоъ,

Дар ҷавобаш додаст ин сон сазо:

— Ин қадар ғавғои ту аз баҳри чист?

Муфурушӣ шири худро, айб нест?

Ширу нон фарзанди манн ҳам хӯрда буд,

Баҳра аз оғӯши гармам бурда буд.

Пас,  қалин рӯёнданат кори хатост,

Гӯ набошад, ҳаққи шири манн куҷост?

Модари келин аз ин гапҳои ҳақ.

Баста лаб, тар гашт дар обу арақ.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед