РАВ КУНУН ДОРУ БИЁР

montier

«Монтиёри номӣ» — и қишлоқи мо,

Менамояд ҳар гаҳе хоҳад мақом.

Ӯ ба ҷои хизмату кори накӯ.

Месарояд ин сурудашро мудом:

 

«Монтиёрам, монтиёрам, монтиёр»

Аз бароям коняки арман биёр!

 

Бо таманно ту агар тӯе кунӣ,

Меҳмоне гар биёяд тӯи ту.

Меравам бар хонаат ман бехабар,

Менишинам назди меҳмон рӯ ба рӯ.

 

«Монтиёрам, монтиёрам, монтиёр»

Аз бароям коняки арман биёр!

 

Коняки арман бинӯшони маро,

Хонаатро нурборон мекунам,

Ҳар ду дастам пеши бар, гӯшам ба ту,

Ҳар чӣ гӯи, бод иду ҷон мекунам.

 

«Монтиёрам, монтиёрам, монтиёр»

Аз бароям коняки арман биёр!

 

Вар на ман кори туро расво мекунам,

Хонаи ту торикистон мешавад.

Пеши поятро намебинӣ дигар

Шодиву базми ту вайрон мешавад.

 

«Монтиёрам, монтиёрам, монтиёр»

Аз бароям коняки арман биёр!

 

«Монтиёри номӣ» — и қишлоқи мо,

Менамояд ҳар гаҳе ҳоҳад мақом.

Симро вақте ки димшаб мебурид,

Ӯ фитод аз симчӯбе тори бом.

 

«Монтиёрам, монтиёрам, монтиёр»

Рав кунун доруву дармонаш биёр!

 

 

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед