МУАЛЛИМИ МО

Субҳи дилафрӯз

Бархезад аз хоб,

Чун рӯ намояд

Меҳри ҷаҳонтоб

Дар саҳни  мактаб,

Дар боғе гулпӯш,

Моро би гирад

Бо меҳри оғӯш-

Муаллими мо!

Муаллими мо!

Чини ҷабинаш,

Чини ду рӯяш,

Зебад ба ранги

чун барф муяш.

Қади баландаш

Гарчи хам имрӯз,

Мисили ҳамеша

Шод ҳасту пирӯз-

Муаллими мо!

Муалими мо!

Мо аз раҳи ӯ

По мегӯзорем,

Андерзи ӯро

Дар ёд дорем.

Хоҳем доим

Бошад саломат,

Ҳаргиз набинад

Рӯйи маломат

Муаллими мо!

Муаллими мо!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед