МУБОРАКБОДИ ИШҚ
Дар тобу табат бинам, бехоби шабат бинам,
Ҳар лаҳзаву ҳар соат ҳоли аҷабат бинам,
Доро шудаӣ, эй дил, ғамҳот муборак бод!
Аз санг шарар хоҳӣ, аз ёр назар хоҳӣ,
Аз мӯй мадад ҷӯӣ, аз ишқ асар хоҳӣ,
Бино шудаӣ, эй дил, пайдот муборак бод!
Лабрези ҳавасҳоӣ, саршори таманноӣ,
Дар сина намегунҷӣ аз шавқи дилорое,
Эҳё шудаӣ, эй дил, эҳёт муборак бод!
Паҳнои ҷаҳон гардӣ, пайдову ниҳон гардӣ,
Гаҳ сабзасифат рақсӣ, гаҳ барги хазон гардӣ,
«Ошиқ шудаӣ, эй дил, савдот муборак бод!»
Туғёни дигар дорӣ, ҷавлони дигар дорӣ,
Сар мезанӣ дар сина, тӯфони дигар дорӣ,
Дарё шудаӣ, эй дил, дарёт муборак бод!
Гаҳ ҳоли ман омӯзӣ, гаҳ дар ғами худ сӯзӣ,
Гаҳ шуъла занӣ печон, то ҳастиям афрӯзӣ,
Зебо шудаӣ, эй дил, дунёт муборак бод!
1976
♦ * *
Мезанад борон ба шиша
Тора-тора, ришта-ришта.
Шеърҳоям нимкора,
Саргузаштам нонавишта.
Мезанад борон ба шиша
Ҳамчу ангушти фаришта.
Хотиротам мисли борон
Бигзарад аз кӯҳу пушта.
Мезанад борон ба шиша
Қарзхоҳона думушта.
Ҷомҳоям нимахурда,
Зиндагиям бесаришта.
Ними умрам монда ё на,
Нимаи хубаш гузашта.
Дафтарам холист, холӣ
Чун заминҳои накишта.
Бигзарам ман ҳам чу борон
Як замон з-ин кӯҳу пушта.
Ман биҳишта оламеро
Ё маро олам биҳишта…
Ёбадам як рӯз борон
Аз сари олам гузашта,
Ё наканда қарзи дилро,
Ё васият нонавишта…
18.3.1977