Мудом дилфирефта зи рангу бӯ набудаам

Фақат асири мастию маю сабӯ набудаам,
Мудом дилфирефта зи рангу бӯ набудаам.
Чу даштҳои тирамаҳ нагаштаам тиҳӣ зи худ,
Чу санги сард бехабар зи ҷустуҷӯ набудаам.
Ба кӯи ёр рафтаам, ба бӯи ёр рафтаам,
Ба майли ҳар касе равон чу оби ҷӯ набудаам.
Миёни обу гил ҳаме чу зореъи биринҷкор
Бараҳнапой будаам, баоаҳнарӯ набудаам.
Зи насяҳо буридаам, ба накдҳо расидаам
Бара<нагӯй будаам. фасонагӯ набудаам. Ман аз канори ин ҷаҳон. ки тард мекунад маро Канорҷӯй будаам, канораҷӯ иабудаам 1982

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед