МУҲИББОНИ ХУДО

Муҳиббони худо дилсӯзӣ диданд,

Ба зикри ҳақ ба чашми тар нишинанд.

Зи насли одамӣ баъд аз расулон,

Ба даргоҳи худованд беҳтаринанд.

Кӣ дидасту кӣ донад дар куҷоянд,

Халоиқ ташнаи дидор, ки бинанд.

Ба душман ҳам сари озор надоранд,

Агарчӣ ҳар замон озор бинанд.

Даруни дил пур ваҳм аз қиёмат,

Сиришк дар чашм доранду ҳазинанд.

Биёбад дин ривоҷ аз ходими дин,

Агар ки ходимон покизадиданд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед