Мӯҷиботи ғусл
Ғусл аз панҷ чиз фарз шавад,
Бар зану мард ҳамчу қарз шавад.
Ҳар занеро, ки гум шавад айём,
Ғусл бояд ба ҳар намоз мудом.
Чун шавад пок зан зи ҳайзу нифос,
Ғусл воҷиб шавад ба шаръу қиёс.
Мардро чу закар чунон гардад,
Ки дар андоми зан ниҳон гардад.
Ғусл воҷиб шавад аз он ҳолаш,
Гарчи з-он ҳол нест инзолаш.
Ғусл воҷиб кунад ҷанобат ҳам,
Бар зану мард, ай карам.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)
Шарҳи худро нависед