МУҚАДАМАИ ҚАСИДА НАВРӮЗӢ

Навбаҳор омад, гулистон аз пайи нашъунамост,
Ғунчахуспони чаноро ғунчайи гул муттакост .
Со дарӯёнро барад аз ҷо ҳайвойи сабзааш,
Сабзхаттонро насими сунбулаш кокулрабост.
Нозбӯро аз бунафша нози болин зери сар,
Шохи гулро бистари барги ҳино дар зери пост.
Рост мосезанд мурғон хонайи оҳангар,
Булбул аз сад парда чун ушшоқ дар зери новост.
Ғунча мушти хок агар гирад ба каф, зар мешавад,
Табъ гулшанро дар ин мавсим хавоси кимиёст
Мекашанд имрӯз мурғон якдигарро дар канор,
Болу парвози хиёбонҳо пур аз оғушҳост.
Ғунчайи минқорибулбул оқибад гул мекунад
Нолаҳои ӯ насими субҳу боғи дилкушост.
Дар ба рӯйи боғбон во карда бӯйи навбаҳор,
Дар паси дар нолайи занҷирро бонги дарост.
Бӯйи гулро мебарад аз боғ пинҳонӣ насим,
Боғбон бурдааст, ин кори дузди оншост:
Аз пайи ҳам корвони гул ба бӯстно омада,
Метавон гуфт аз ҳуҷуми корвон бӯстонсарост.
З-остони шохи гул фавворайи хун сар кашид,
Домани саҳро зи ҷӯши лола дашти Карбалост.
Сайри боғ имрӯз дилҳои ҳарифон бурдааст,
Хоки гулшан чун гулистони Ирам одамрабост.
Булбулонро карда бӯйи зи дарди сар халост,
Ишқозонро ба аҳди гул чаман дорушшифост…

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед