МУКОФОТИ АМАЛ

Дар даруни решаҳои як дарахт,
Хона кард муше замин буд гарчи сахт.
Зиндагӣ кард чанд муддат, чанд вақт,
Дар ҳамон ҷо он муши баргаштбахт.

Он дарахт ҳам сояе салқин дошт,
Шохаҳо пур меваи ширин дошт.
Мева мехост мева мехӯрд дам ба дам,
Муш ғами дунё надошт аз бешу кам.
***
Бо дарахт як рӯз гуфт он муши дун,
Мешавӣ аз дасти ман ту сарнагун.
Ман чи бад кардам надонам гуфт дарахт,
Охирандеш шав бо ман некӣ кун.
***
Ҳар замон монанди шер муш меғурид,
Аз ғазаб ӯ решаҳоро мебурид.
Аз Худо имдод мехост он дарахт,
Он Худованд ҳам дуояшро шунид.
***
Ногаҳон пайдо бишуд море калон,
Мушро дар ком кашид ӯ дар замон.
Аз муши бадкинаву бадхуву бад,
Дар ҷаҳон дигар намонд ному нишон.
***
Сар ба сар сӯрох шуд андоми мор,
Оқибат гардид ҳалок анҷоми кор.
Хорпӯшт ӯро ҳамон ҷо хӯрд зуд,
Аз бадӣ бад мерасад дар рӯзгор.
***
Ногаҳон пайдо бишуд рӯбоҳи пир,
Буд гурусна иштиҳояш қозгир.
Хорпуштро охир ӯ афканд ба пушт,
Бавл кард дар рӯи он рӯбаҳ ахир.
***
Рӯбаҳи пир бавл кард дар рӯи он,
Бавлро хорпушт борон кард гумон.
Рӯбаҳи пир макр карду дастон,
Хорпушт охир бишуд қурбони он.
***
Аз куҷое як саги дайду падид,
Омаду рӯбоҳро он ҷо қапид.
Саг барои луқма он рӯбоҳро,
Бар замин хобонд паҳлӯяш дарид.
***
Як паланг ҳам дав-давон он ҷо расид,
Саг бидид он ҷо зи ҷон шуд ноумед.
Фурсати дастон наёфту ҳам гурез,
Чанг зад сагрову пӯст аз ӯ дарид.
***
Ин ҷаҳон дар чашми саг шуд ҷои танг,
Луқма шуд саг аз барои он паланг.
Устухон монд, пӯст, аз он саг нишон,
Бешазор ҷои шикор шуд ҷои ҷанг.
***
Баъди андак боз сайёде ҷавон,
Дид палангро тир андохт сӯи он.
Бар паланг омад расид тир бе хато,
Бар замин афтод паланг зуд дод ҷон.
***
Аз паланг бигрифт пӯст сайёд зуд,
Ихтиёри рафтан аз он ҷо намуд.
Як савор дар он замон пайдо бишуд,
Шод шуд савор ҳай аз кори худ.
***
Бар палангина маро гуфт ҳоҷат аст,
Ё бидеҳ, ё ки сарат хоҳам шикаст.
Вай аз ин ҳарфи савор рӯ кард турӯш,
Оқибат он мард ба шамшер бурд даст.

Ӯ ба шамшер кушт охир мардро,
Дасту по мезад сари аз тан ҷудо.
Асп қамчин зад палангина гирифт,
Кушт одамро натарсид аз Худо.
***
Тез мерафт аспи ӯ чун оҳувон,
Пои асп шуд бар сӯрохе ногаҳон.
Аз сари зин мард бияфтод бар замин,
Қолаб аз ҷон холӣ шуд, рафт аз ҷаҳон.
***
“Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав”.
Ин ду мисра аз китоби мавлавӣ
Ин ҳама панд аст ҳикоятро шунав.

Ин ҳикоят аз китоби “Калила ва димна”ба назм баргардонда шудааст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед