
МУМТОЗИ ҲУНАР
Одам базаковат буда, мумтози ҳунар ӯст,
Назди ҳамаи давру замон соҳиби зар ӯст.
Сарчашмаи илҳоми саодат, ки ҳаёт аст,
Гулгун Ватане дораду бо аҳли башар ӯст.
Равшан битавон карда ба эҷод ҷаҳонро,
Сандуқи диле дораду пурдурру гуҳар ӯст.
Дарёфта аз меҳнати худ шаъну шарафро,
Бо касби бузургаш ҷигару ёри зафар ӯст.
Шодӣ ба дил афзояду дар чеҳра таабассум,
Бунёди вай охир чӣ бувад, турфа асар ӯст.
Мӯхтоҷи касу нокасе асло нашавад, дон,
Бар халқ писар бошаду ҳам низ падар ӯст.
Эй Ӯлмас, агар ташна туӣ завқи ҷаҳонро,
Бар касби худат мехр бинеҳ, ганҷи самар ӯст.
Шарҳи худро нависед