МИНБАРИ КОММУНИЗМ
Минбари холӣ, вале пур аз рақам,
Минбари олӣ, вале пур берамақ,
Пур сабақ омӯхтӣ таърихро,
Ҳеҷ аз таърих н-омӯхтӣ сабақ.
Яккатозу якказору яккахор
Осмонҷӯи замингирӣ, дареғ.
Комунизми ту – ҷавонии ҷаҳон,
Лек бетадбиру бепирӣ, дареғ.
Рӯи оламро гирифтӣ гӯиё,
Рӯи одамро надидӣ кӯрвор.
Рӯй меорӣ кунун бо сад ниёз
Сӯи ҳар мулке ба дӯшат кӯлвор.
Ҷони «ғоя» мояи мардум рабуд,
Ҷони «ғоя» хӯрд молу ҷони халқ,
Ҳар шикасте бар ту меояд, сазост,
Чун шикастӣ қалъаи имони халқ.
Кардӣ ворун мактаби таърихро,
Мактабат шуд мактаби бемактабӣ.
Рахна чун бар мазҳаби мардум задӣ,
Сӯи бесӯит шуд бемазҳабӣ.
Ман намедонам, чӣ андарзат диҳам,
Ман намедонам, чӣ бояд карданат.
Ин қадар донам, ки дар саҳни вуҷуд
Хуни милёнҳо бигирад гарданат.
Ман намедонам чӣ душномат диҳам,
Гӯямат ин нуктаи борикро –
Беш аз ин коре накардӣ дар ҷаҳон:
Хор кардӣ миллати тоҷикро…
12.7.1991