Мурғе намесарояд дар ошёни модар
Фаввора мезанад хун аз дидагони модар,
Эй вои ҷони модар, эй вои ҷони модар.
Баҳри нажоди миллат, баҳри наҷоти миллат
Беному бенишон шуд ному нишони модар.
Рӯи замин чӣ дорад, рӯи ҷаҳон чӣ дорад?
Дар зери хок хуфта ҷону ҷаҳони модар.
Гардун фурӯ фитода чун боми гӯр бар сар,
Гӯр аст рубъи маскун бар ормони модар.
Кӯр аст курраи арз, доғи дилаш набинад,
Гӯши фалак надорад тоби фиғони модар.
Тиру камон фузун шуд, чандин ҷавон нагун шуд,
Тире нахурд раҳми қадди камони модар.
Чун тир кард шиллик, пур рехт хуни тоҷик,
Наҷме намонд рахшон дар осмони модар.
Даст аз ҷаҳон бишуста, дар кунҷи ғам нишаста,
Мурғе намесарояд дар ошёни модар.
Дигар зи худ наболад, бар шаш чиҳат бинолад
Ку посдори модар? Ку посбони модар?
Шояд ки зинда гардад тифли ҷаҳоннадидаш,
То рӯзи ҳашр нолад рӯҳи навони модар.
Танҳост зери гардун, афсурдаю ҷигархун,
Хайфи замини модар, хайфи замони модар!
1993