Мурдагон аз хок бархезанд бо сад доги ишқ
Оламе ояд дар огӯшам, чу оғӯшат кунам,
Лаб занад бахтам, чу бӯса аз лаби нушат кунам.
Мурдагон аз хок бархезанд бо сад доги ишқ
Лаҳзае. к-аз бӯсаҳои 1арм беҳушат кунам
Дар барам хуршеду бар душам маҳ ояд аз фалак,
Соате, ки бӯсачинй аз бару дӯшат кунам.
Ахтарон резанд бар хоки сияҳ аз рашки бахт,
Ман чу нақши бӯсаро зеби баногӯшат кунам.
Сад баҳорсро хазон бинӣ, агар донӣ, ки ман
Бо гули уммедҳои хеш гулпӯшат кунам.
Мдн, ки аз дурии ту 6о духтари раз ошикам,
Орзу дорам ба базми дил кадаҳнӯшат кунам.
Дон, ки Лоик мурду аз ӯ мисрае боқй намонд,
Як нафас гар бо дили шайдо фаромӯшат кунам
1982
Шарҳи худро нависед