БА МӮСАФЕДОНИ ШАҲР ВА КОЛХОЗҲОИ ЛЕНИНОБОД

 

Имрӯз дар ҳузури ҷавонони мӯсафед,

Чандон хушам, ки ҳар нафасам ҳаст рӯзи ид.

Шод он ки пешашон қадаре рози дил бигуфт,

Хушбахт он касе ки даме гуфташон шунид.

Аз дудаи Камоли кабиранд ин касон

Донишваре ки ҳамсари ӯро ҷаҳон надид.

Дарёи донишанду чу кӯдак мауддабанд,

Ин дурр ба баҳри иззати онҳо бувад мазид.

Чун омадам ба хизмати ин мӯсафедҳо,

Аз ифтихор тораки ман б-осмон расид,

Аз ман салом бод ба он пахтамӯйҳо

Чун ҳар якаш баробари як кӯҳ пахта чид.

Зебад ки саъю фазлу хунарҳои он гуруҳ

Ибрат шавад ба кори ҷавонони наврасид.

Афсурда буд ҷисми Хуҷанд аз фишори зулм,

Номи Ленин ба пайкари вай ҷони нав дамид.

Поянда бод кишвари мо к-андар он башар

Роҳат бидиду ҳурмат, агар заҳмате кашид.

Ленинобод 1947.



Шарҳи худро нависед