Муштарии оши борикем

Мерасад аз ҳар тараф кӯчи муҳоҷиҳои тоҷик,
Кӯдаку гаҳвораи нақшину як карсони чӯбиву зани борик.
Духтари ман лухтакашро гашта меорад,
Мирбобо ҷомаи зиндониашро гашта меорад.
Ришаки зиндониашро армуғон меорад Аҳмадшоҳи Комил,
Ришаки зиндониашро назри модар мекунд Хуршед.
Риштае дар гарданаш чун риштаи табларза
меояд Pаҳим*,
Бо ҳазору шашсаду ҳаштоду як рӯузи гиреҳбаста.

Ташнаи Варзобҳои поки дидоранд,
Ташнаи Сурхобҳои поки дидоранд,
Ташнаи Вахшобҳои поки дидоранд:
Соҳибони қабрҳои дар сари ҳар теппа бесоҳиб,
Ворисони сонии арвоҳи ноороми беворис,

Бингарӣ, деворҳора ҳам зиёрат мекунанд аз иштиёқ,
Тӯтҳои лаб-лаби ҷӯборҳоро ҳам зиёрат мекунанд аз иштиёқ,
Симчӯби кӯчаҳоро ҳам зиёрат мекунанд аз иштиёқ.
Додари ман тахтаи дарвозаашро рафта мебӯсад,
Ҳамсари ман мактабашро рафта мерӯбад.

Тоҷикистон ҷои пои Хӯҷаи Хизр аст,
Рӯзи қаҳтӣ ҳам ҳавояш бӯи нони пухта дорад.
Осиёбаш аз сафедӣ мисли марди мӯсафеди аст,
Мӯсафедаш аз сафедӣ ҷо ба ҷо чун осиёбе,
Ин шабоҳат бе шарофат нест.
Мӯсафеди осиёбашро надидам лаҳзае партоб,
Осиёби мӯсафедашро надидам лаҳзае парчоб…

Мерасад аз ҳар тараф кӯчи муҳҷчирҳои тоҷик.
Мерасад аз ҳар тараф наздик
Муштарии оши борик.
Ҷонамозашро сафедӣ карда Абдуллои Нурӣ бар ватан баргашта меояд, Устухонҳои сафедашро сафедӣ карда Мӯъминшоҳ меояд,
Дафтари шеъри сафедашро сафедӣ карда Гулрухсор меояд,
Ҳарду абрӯи сафедашро сафедӣ карда Турсунзод меояд,
Мурда бошад ҳам агар,
Сандқи тобӯташ ба дӯшаш,
Раҳматии Собири Бозор меояд,
Раҳматии Собири Бозор меояд.

10 апрели 1997. Ҷаксонвилл

*Раҳим Мусулмониён

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед