МУШТИ ХОЛӢ

(Тамсил)
Дар замони қадим мегӯянд,
Дар яке аз мамолики дунё
Зиндагонӣ қабилае кардаст.
Дар паси кӯҳу дар лаби дарё…
Бар сари худ надида сардоре,
Зинадагӣ кардаст бесардор…
Лек рӯзе аз он миён шахсе
Гашта аз хоб, гӯиё, бедор,
Рӯй меоварадд ба пиру ҷавон,
Мекунад арз:
– Қавми саҳрогард,
Бенизом аст рӯзгори мо,
Ҷонгудоз аст баҳри мо ин дард.
Бартараф то шавад шиканҷаи мо,
Нашавад то касе дучори хатар,
Сарваре лозим аст бар сари мо,
Чун тани бесарем бесарвар.
Се нафарро, ки бар тани ҳар як
Паи дандони шер буду паланг,
Пеш мехонаду ҳамегӯяд:
–Бишнавед, эй диловарони ҷанг,
Бибароед бар сари кӯҳсор,
Ҳадя оред баҳри халқи диёр.
Ҳадяи кас, ки маъқул шуд,
Халқро мешавад ҳамон сардор…
Тӯша бигрифта, хайрухуш карда
Ба зану кӯдакону хешу табор,
Субҳдам раҳсупор мегарданд
Се ҷавонмард ҷониби кӯҳсор.
Баъди бехобию азоби зиёд,
Баъди дилхастагиву танҳоӣ,
Он яке ҳамраҳаш ҳамеорад
Гули сурхе–рамузи зебоӣ,
Гули сурхе, ки дар дил азбӯяш
Ишқи хобида мешавад бедор.
Дигаре рӯи китф меорад ӯ
Санги хоро–рамузи меҳнату кор!
Сеюмаш аз раҳи сафар гашта,
Худситоӣ ҳамекунад:
– Ба умед
Роҳ рафтам, ки ногаҳон аз дур
Нур дидам, чу пораи хуршед.
То биёрам ба даст бахтамро,
Даҳ шабу рӯзи гарми тобистон
Аз паяш тохтам, ки охири кор
Кардамаш дастгир!
Ин аст он!
Сарфарозона мекушояд мушт,
Ки диҳад нурро нишон, аммо
Дида чун мушти хешро холӣ,
Мезанад дод, канда мӯяшро…
* * *
Шӯҳрати пуч чун ҳуббобе аст
Мекафад гар бигирияш рӯи даст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед