Мусулмонон маро вақте диле буд

Мусулмонон маро вақте диле буд,

Ки бо вай гуфтаме, гар мушкиле буд.

Ба гирдобе чу меафтодам аз ғам.

Ба тадбираш умеди соҳиле бул.

Диле ҳамдарду ёре маслиҳатбин.

Ки истизҳори ҳар аҳли диле буд.

Зи ман зоеъ шуд андар кӯи ҷонон,

Чӣ домангир, ё раб, манзиле буд.

Хунар бе айби ҳирмои нест, лекин

Зи ман маҳрумтар кай соиле буд?

Бар ин ҷони парешон раҳмат оред,

Ки вақте кордоне, комиле буд.

Маро то ишқ таълими сухан кард,

Хадисам нуктаи ҳар маҳфиле буд.

Магӯ дигар, ки Хофиз нуктадон аст

Ки мо дидему маҳкам ҷоҳиле буд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед